Афзоиши шумораи мубталоён ба вируси Корона дар Афғонистон
Сухангӯйи Вазорати беҳдошти Афғонистон эълон кард: бо ибтилои шаш нафари дигар ба Корона, теъдоди мубталоён ба ин беморӣ ба 117 нафар ва фавт шудагон ҳам ба ҳафт нафар афзиш ёфт.
Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросон, Ваҳид Моёр афзӯд: Ҳирот бо 80 нафар бештарин ва пас аз он Кобул дар радаи дуввум теъдоди мубталоён ба Коронаро дар Афғонистон дорад.
Ҳарчанд тарҳи карантина се ҳафтаи Кобул аз рӯзи гузашта оғоз шуда вале ҳамчунон ҷодаҳои ва марказҳои харид мамлу аз ҷамъият аст.
Сухангӯйи Вазорати кишвари Афғонистон низ эълом кард: аз имрӯз афроде, ки аз карантина хориҷ ва дар сатҳи шаҳр тарадуд кунанд, муҷозот мешаванд.
Ториқ Орин афзӯд:токунун ҳеҷ мавриди машкуке дар хусуси ибтило ба вируси Корона дар байни нерӯҳои давлатӣ мушоҳида нашудааст.