Толибон: Зиндониёни озодшудаи ин гурӯҳ ба ҷанг боз намегарданд
Апрел 04, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар эълом кард: Зиндониёни ин гурӯҳ пас аз озодӣ аз зиндонҳои давлати Афғонистон ба майдонҳои ҷанг боз нахоҳанд гашт.
Пеш аз ин, Ҷовид Файсал, сухангӯи Дафтари Шурои амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, ки бар асоси фармони Муҳаммад Ашраф Ғанӣ-раисиҷумҳури ин кишвар, раванди озодии тадреҷӣ ва машрути зиндониёни Толибон оғоз мешавад, аммо то кунун ин раванд шуруъ нашудааст.
Музокира байни намояндагони давлати Афғонистон ва ҳайати Толибон ҳафтаи гузашта дар Кобул барои озодии зиндониёни ду тараф ва дар ниҳоят ба манзури барқарории оташбас ва поёни ҷанг оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.
Гурӯҳи Толибон хоҳони озодии панҷ ҳазор зиндонии худ дар муқобили озодии зиндониёни давлати Афғонистон аст.