Ваксинае, ки вируси коронаро камаш як сол беасар мекунад
Пажуҳишгарони донишгоҳи Питсбург ахиран эълом кардаанд, ки ба ваксинае барои бемории КОВИД-19 даст ёфтаанд, ки метавонад камаш як сол вируси ин бемориро беасар кунад.
Ба нақл аз Дейли Мейл, пажӯҳишгарони амрикоӣ эълом кардаанд ин ваксина, ки метавонад ба муддати як сол ин вируси кушандаро хунсо кунад рӯйи мушҳо озмоиши муваффақ доштааст ва эҳтимолан дар моҳҳои оянда муҷавизи озмоиши инсонии он содир хоҳад шуд.
Ин ваксина, ки pittco vacc ном дорад ва нахустин ваксина барои бемории КОВИД-19 ба шумор меравад, шомили протеинҳое аст, ки ба бадан тазриқ мешаванд то бадан антибодиҳоеро зидди вируси корона тавлид кунад.
Ин ваксина эҳтимолан дар 12 то 18 моҳи оянда дар дастрас хоҳад буд ва пас аз таъйид, рӯзона даҳҳо ҳазор намуна аз он тавлид хоҳад шуд.
Ин ёфтаҳо дар маҷаллаи "the lancet's ebiomedicine " мунташир шудааст.
Муҳаққиқони ин тарҳ акнун мунтазири таъйидияи Созмон ғизо ва доруи Амрико ҳастанд, то битавонанд озмоишҳои инсониро дар чанд моҳ оянда оғоз кунанд.