Падидаи бесобиқа; иқтисоди ҷаҳон хобидааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52371-Падидаи_бесобиқа_иқтисоди_ҷаҳон_хобидааст
Кристалина Ҷорҷива, мудири омили Фонди байналмиллалии асъор эълом кард: Бо таваҷҷуҳ ба шуюи бемории ҳамагири коронавирус, барои аввалин бор дар таърихи дунё, кори иқтисоди ҷаҳонӣ амалан мутаваққиф шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 05, 2020 09:46 Asia/Dushanbe
  • Падидаи бесобиқа; иқтисоди ҷаҳон хобидааст

Кристалина Ҷорҷива, мудири омили Фонди байналмиллалии асъор эълом кард: Бо таваҷҷуҳ ба шуюи бемории ҳамагири коронавирус, барои аввалин бор дар таърихи дунё, кори иқтисоди ҷаҳонӣ амалан мутаваққиф шудааст.

Ба нақл аз Спутник, Кристалина Ҷорҷива гуфт: Рукуди иқтисодии феълӣ бадтар аз буҳрони солҳои 2008-2009 аст.

Вай афзуд: Мо ҳаргиз дар таърихи Фонди байналмиллалии асъор надидаем, ки иқтисоди ҷаҳонӣ мутаваққиф шавад, аммо акнун мо дар рукуди иқтисодӣ ҳастем ва ин бисёр бадтар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ аст.

Мудири омили Фонди байналмиллалии асъор дар айни ҳол омодагии ин фондро барои истифода аз кулли захираи худ ба маблағи як тариллион доллар эълом кард.