Ҳамлаи ҳакерҳо ба Чин ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ
Апрел 08, 2020 10:51 Asia/Dushanbe
Як ширкати интернетӣ дар Чин аз ҳамлаи бузурги як гурӯҳи ҳакерӣ ба сервисҳои роёнаии ниҳодҳои давлатии ин кишвар ва ҳамчунин Созмони Беҳошти Ҷаҳонӣ хабар дод.
Ба нақл аз ИРНА, гурӯҳи интернетии "Чиҳу- 360" эълом кард: Ҳакерҳои "Ҳотели Сиёҳ" илова бар Чин, ҳамалоти зиёде низ ба ниҳодҳои дипломатӣ,аз ҷумла намояндангиҳои сиёсӣ дар Италия, Англия, Таиланд, Кореяи Шимолӣ ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ анҷом додаанд.
Бар асоси ин гузориш, ҳакерҳо қасд доштанд, ба манобеи иттилоотии Чин ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар заминаи наҳваи хурӯҷи коронавирус, мизони талафот ва роҳҳои дармони он даст пайдо кунанд.