Апрел 08, 2020 10:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳакерҳо ба Чин ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ

Як ширкати интернетӣ дар Чин аз ҳамлаи бузурги як гурӯҳи ҳакерӣ ба сервисҳои роёнаии ниҳодҳои давлатии ин кишвар ва ҳамчунин Созмони Беҳошти Ҷаҳонӣ хабар дод.

Ба нақл аз ИРНА, гурӯҳи интернетии "Чиҳу- 360" эълом кард: Ҳакерҳои "Ҳотели Сиёҳ" илова бар Чин, ҳамалоти зиёде низ ба ниҳодҳои дипломатӣ,аз ҷумла намояндангиҳои сиёсӣ дар Италия, Англия, Таиланд, Кореяи Шимолӣ ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ анҷом додаанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳакерҳо қасд доштанд, ба манобеи иттилоотии Чин ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар заминаи наҳваи хурӯҷи коронавирус, мизони талафот ва роҳҳои дармони он даст пайдо кунанд.

 

Барчасп