Маҳкум кардани қатъи буҷаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ аз сӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо
(last modified 2020-04-15T13:04:41+00:00 )
Апрел 15, 2020 18:04 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани қатъи буҷаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ аз сӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо қатъи буҷаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳониро маҳкум кард.

Ҷозеп Борел, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои таъхири 60 то 90 рӯзаи кумакҳои молии Амрико ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро маҳкум кард.

Ба гузориши “Форс”, Трамп эълом кард, ки кумакҳои молии Амрикоро ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро ба баҳонаи “сӯимудирият ва пинҳонкорӣ”-и ин созмон дар буҳрони ношӣ аз шуюъи корона, ба муддат 60 то 90 рӯз ба ҳолати таълиқ дармеоварад то баррасиҳои лозим дар ин заминаро сурат диҳад.

Борел дар баёнияе аз таълиқи буҷаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз сӯи давлати Амрико ба шиддат ибрози таассуф кард ва гуфт, ҳеҷ далеле барои тавҷеҳи ин тасмим дар ин замон, ки талошҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт беш аз ҳар замоне барои кумак ба маҳори ҳамагирии корона ҳоизи аҳамият аст, вуҷуд надорад.

Вай зимни таъкид бар ҳамкории ҷомеаи байналмилал барои муқобила бо коронавирус гуфт, мо танҳо бо мушорикати ҳамагонӣ метавонем ба ин буҳрони бидуни марз ғалаба кунем.

Пеш аз ин низ Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал ва намояндагоне аз Чин, Олмон ва Русия ва дигар ниҳодҳои пизишкии ҷомеаи байналмилал ин тасмими Трампро маҳкум карда буданд ва бархе онро ҷиноят алайҳи башарият хонданд.