Медведев: Тадовуми таҳримҳои Амрико ғайриинсонӣ аст
Апрел 18, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
Муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия идомаи таҳримҳои Амрико дар шароити ҳамагирии ҷаҳонии коронавирусро иқдоме ғайриақлонӣ ва ғайриинсонӣ донист.
Дмирий Медведедв, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабаргузории русии Спутник, аз идомаи таҳримҳои Амрико дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии хурӯҷи коронавирус интиқод кард ва хостори лағви ин таҳримҳо шуд.
Медведев тасреҳ кард: Идомаи таҳримҳои Амрико дар шароити кунунӣ иқдоме ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ аст.
Маҷомеи байналмилалӣ ва ҳатто расонаҳои Амрико ин таҳримҳоро монее дар баробари талоши Эрон барои муқобила бо коронавирус донистаанд.
Барчасп