Апрел 18, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои 655 хадамаи нови амрикоии

Нерӯи дарёии Амрико аз ибтилои 655 тан аз хадамаи нови ҳавопаймобари "Теодор Рузвелт" ба коронавирус хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии "Ҳейл", дар баёнияи нерӯи дарёии Амрико омадааст: Нови ҳавопаймобари "Рузвелт" дар паи хурӯҷи густурдаи коронавирус, бо 4059 сарнишини худ дар бандари ҷазираи Гуам лангар андохт.

Бар асоси баёнияи мунташиршуда, то кунун ду тан аз малавонони нови "Рузвелт" бар асари ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст дода ва 6 тан аз онҳо низ дар бемористони ҷазираи Гуам бистарӣ шудаанд.

 

Барчасп