Ҳуҷуми амрикоиҳо ба марокизи ғизоии роягон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52847-Ҳуҷуми_амрикоиҳо_ба_марокизи_ғизоии_роягон
Амрикоиҳои бидуни пул, бо худравҳои худ ба марокизи арзаи ваъдаи ғизоии роягон ҳуҷум овардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 20, 2020 03:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷуми амрикоиҳо ба марокизи ғизоии роягон

Амрикоиҳои бидуни пул, бо худравҳои худ ба марокизи арзаи ваъдаи ғизоии роягон ҳуҷум овардаанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, ҳамагирии вируси корона дар Амрико миллионҳо нафарро бекор кардааст ва ба гуфтаи мақомоти иқтисодӣ 60 миллион амрикоӣ дар интизори дарёфти чеки кумакҳои молии давлати федерал ба сар мебаранд.

Бар асоси ин гузориш, навбатпойии бесобиқаи худравҳо дар хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Амрико барои дарёфти маводи ғизоӣ аз марокизи эҳдои ғизо ташкил шудааст.

Яке аз ронандагони ин худравҳо ба CNN гуфт: Ҳеҷ як аз аъзои хонавода кор надорад ва пуле дар ихтиёр надорем, фарзанд дорем ва бояд муроқиби онҳо бошем, намедонем то чи замон ин вазъро бояд таҳаммул кунем.

Кишоварзони амрикоӣ аз онҷое, ки фурӯшгоҳҳо ва ресторанҳо ба иллати ҳамагирии вируси корона баста шудаанд ночор ба имҳои маҳсулоти кишоварзии худ ҳастанд.

Идораи кишоварзии Амрико ва шабакаи хайирини (Food Banks) аз Вазорати кишоварзии Амрико хостаанд то иртиботе мустақим байни ин марокизи хайрия ва кишоварзони амрикоӣ барои дарёфти маҳсулоти онҳо барқарор кунад.

Дар ҳоле, ки амрикоиҳои фоқиди шуғл ва бепул дар талош барои ёфтани ваъдаи ғизоии роягон ҳастанд Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо ҳадафи баҳрабардорӣ барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва бо сӯистифода аз эътирозҳои мардумии зиддикарантин ва бозгашт ба кор, бо фармондорони иёлатҳо, ки мухолифи ин мавзӯъ ҳастанд даргир шудааст.

Бисёре аз коршиносон, вазъияти мавҷуд ва ҳамагирии вируси коронаро бархоста аз сӯимудирияти Трамп медонанд.