Апрел 20, 2020 16:40 Asia/Dushanbe
  • Камбуди таҷҳизоти пизишкӣ ва озмоишгоҳӣ дар Афғонистон

Давлати Афғонистон барои ташхиси афроди олуда ба вируси корона бо камбуди шадиди таҷҳизоти озмоишгоҳӣ мувоҷеҳ аст.

Набуд ва камбуди бастаҳои озмоишгоҳӣ барои ташхиси вируси корона бархе рӯзҳо ҳатто озмоишгоҳи маркази аслии шиносоии беморони Ковид-19 дар Кобулро низ таътил кардааст.

Чанде қабл вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон гуфта буд, ин вазоратхона ба як миллион бастаҳои ташхиси вирус ниёз дорад.

Камбуди таҷҳизоти озмоишгоҳӣ бавижа бастаҳои шиносоӣ боиси шудааст, посухи озмоиши афроди машкук ҳатто бо таъхири понздаҳрӯза эълом шавад. Дар бархе маворид, афроди машкуки мубтало ба ин беморӣ, ҷон бохтаанд ва озмоиши онҳо пас аз марг, мусбат эълом шудааст.

Эъмоли нуфузи афроди зӯрманд ва бархе масъулони маҳаллӣ барои озмоиши худ ва аъзои хонаводаҳои онҳо аз дигар авомиле аст, ки раванди ташхиси афроди олуда ба вируси коронаро кунд кардааст.

Бар асоси тозатарин омори вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон, шумори афрод мубтало ба бемории Ковид-19 дар ин кишвар ба ҳазору 26 шаш нафар афзоиш ёфтааст.