Эътироф бар заъфи низомҳои беҳдоштии ҷаҳон ва роҳкорҳои беҳбуди он
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52897-Эътироф_бар_заъфи_низомҳои_беҳдоштии_ҷаҳон_ва_роҳкорҳои_беҳбуди_он
Вазирони беҳдошти “Гурӯҳи – 20” дар нишасте, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, зимни баррасии табаоти ҷаҳонии буҳрони корона, бар заъфи низомҳои беҳдоштӣ дар саросари ҷаҳон таъкид ва ҳамагирии вируси ҷадиди коронаро далели ошкор шудани заъфи низомҳои беҳдоштӣ дар саросари ҷаҳон донистанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 21, 2020 13:55 Asia/Dushanbe
  • Эътироф бар заъфи низомҳои беҳдоштии ҷаҳон ва роҳкорҳои беҳбуди он

Вазирони беҳдошти “Гурӯҳи – 20” дар нишасте, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, зимни баррасии табаоти ҷаҳонии буҳрони корона, бар заъфи низомҳои беҳдоштӣ дар саросари ҷаҳон таъкид ва ҳамагирии вируси ҷадиди коронаро далели ошкор шудани заъфи низомҳои беҳдоштӣ дар саросари ҷаҳон донистанд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст ба далели шиддат гирифтани корона дар кишварҳое бо зарфияти беҳдоштии андак, ибрози нигаронӣ карда ва аз лузуми кумак ба дигар кишварҳо дар ростои мубориза бо ин бемории ҳамагир сухан гуфтанд. Идомаи арзёбии костиҳои низомҳои дармонӣ ва ҳамоҳангӣ дар посухгӯии ҷаҳонӣ ба ин буҳрон, аз дигар меҳварҳои нишасти вузарои беҳдошти “Гурӯҳи – 20” буд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки бемории “Ковид – 19” ҳамчунон дар ҷаҳон қурбонӣ мегирад ва муқаррароти манъи рафту омад ва қарантина дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барқарор аст. Бино бар тозатарин омор, шумори мубталоён ба “Ковид – 19” дар саросари ҷаҳон аз 2 миллиону 394 ҳазор нафар фаротар рафта ва омори қурбониён низ беш аз 164 ҳазору 900 нафар аст, ки дар ин миён Амрико бо беш аз 764 ҳазор мубтало ва беш аз 40 ҳазор қурбонӣ, садрнишини кишварҳои осебдида аз ин бемории ҳамагир аст.

Шуюъи корона бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро бо буҳрони бесобиқа дар бахши доруву дармон ва таҷҳизоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ мувоҷиҳ кардааст. Ин камбудҳо ба вижа дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бисёр чашмгир будааст ва дар бисёре маворид набуди имконот сабаби афзоиши маргу мири мубталоён ба корона шудааст. Ба таври мисол, набуди дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ ба теъдоди кофӣ дар Италия, Испания ва Амрико сабаби боло рафтани маргу мирҳои ношӣ аз корона шудааст. Ба ҷуз набудани теъдоди кофӣ ва лозими дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ, дар дастрас набудани теъдоди кофии пизишк ва парастор, камбуди кейтҳои озмоишгоҳии мавриди ниёз, набуди тахтҳои кофии бемористонӣ ва набуди таҷҳизоти пизишкие чун либос ва дасткашу ҳазинаҳои газофи дармонӣ, аз ҷумлаи далоиле аст, ки сабаб шуда омори маргу мир бар асари корона афзоиш ёбад.

Ҳамагирии вируси корона дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико нишон дод, ки ин кишварҳо дар бахши дармонӣ ва беҳдоштӣ бисёр шикананда ҳастанд. Дар Аврупо агарчӣ ширкатҳои бимаи мухталифе вуҷуд дорад, ки ҳазинаҳои дармониро мепардозанд, аммо амалан бахши умдае аз шаҳрвандони аврупоӣ ба далели гарон будани ҳазинаҳо ба он дастрасӣ надоранд, аз сӯи дигар бимаҳои иҷтимоӣ низ дар бисёре аз ин кишварҳо посухгӯи ниёзт муроҷиакунандагон нестанд. Иҷрои сиёсати риёзати иқтисодӣ дар бархе кишварҳои аврупоӣ, коҳиши буҷаи бахши беҳдошту дармон ва тамаркуз бар бахшҳои амниятӣ ва дифоӣ, сахтии кор ва камбуди дастмузди пизишкон ва парасторон сабаб шуда то амалан бахши дармон дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ заиф амал кунад. Ҷамъияти болои солмандон ва афзоиши ниёзҳои дармонӣ ва иҷтимоии онон низ ин шароитро вахимтар кардааст.

Франко Соси, устоди сиёсати беҳдошти байналмилал дар донишгоҳи “Империал коллеҷ оф Лондон” бо ишора ба ин ки низоми дармони ағлаби кишварҳои санъатӣ, аз ҷумла Британия барои муқобила бо буҳрони бузурги саломат, мисли корона омода набуд, гуфт: дар сурате, ки зарфияти пазириши бемор дар бахши муроқибати вижа бештар буд, омори маргу мир коҳиш меёфт.

Дар Амрико низ акнун интиқодҳо аз низоми дармонӣ боло гирифтааст. Набуди системаи таъмини иҷтимоӣ ва низоми дармонии якпорча, гарон будани ҳазинаҳои дармон, фосилаи табақотӣ ва теъдоди фуқаро ҳамчунин табъизи нажодӣ сабаб шуда то амалан теъдоди қурбониёни корона дар ин кишвар афзоиш ёбад.

Лури лойт Фут, шаҳрдори Чикаго гузоришҳоро дар бораи ин ки сиёҳпӯстон 70 дарсади қурбониёни коронаро дар шаҳри вай ташкил медиҳанд, ҳавлнок хондааст. Вай гуфт, инҳо танҳо адад нест, балки шумори афроде аст, ки ҷони худро бар асари ибтило ба корона аз даст додаанд. Инҳо хонаводаҳо ва ҷавомеъе ҳастанд, ки ин бемори зиндагии онҳоро таҳти шуъо қарор додааст. Чикаго наметавонад даҳҳо сол нобаробарие, ки дар бахши беҳдошт ва дармон вуҷуд доштаастро дар арзи чанд рӯз ё як ҳафта аз байн бибарад.

 Агарчӣ корона таҳдиде аст, ки ҷони бисёреро гирифтааст, аммо ба назар мерасад метавон бо ҳамкорӣ ва ҳамёрии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ онро ба фурсате дар ростои таваҷҷуҳи давлатҳо ба низоми беҳдошт ва дармон, ихтисоси буҷа ва имконот, ҳамчунин таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва шароити ҷамъиятӣ табдил кард.