Апрел 26, 2020 17:59 Asia/Dushanbe

Гурӯҳи "Толибон" тақозои оташбаси саросарӣ дар Афғонистонро ғайримантиқӣ ва фурсатталабӣ донист.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон", имрӯз якшанбе дар баёнияе дар посух ба тақозои мукаррар аз ин гурӯҳ барои оташбас ё коҳиши хушунат эълом кард:

"Толибон" ба вазифаҳои худ барои барқарории сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон амал кардааст, аммо Амрико, НАТО ва ҳомиёни онҳо ба масъулияти худ барои иҷрои тавофуқномаи Амрико ва "Толибон" амал накардааст.

Бар асоси баёнияи "Толибон", НАТО барои ташдиди ҷанг дар Афғонистон миллион доллар ҷангафзор ба давлати Афғонистон кӯмак карда, ки ин як иқдоми таҳриккунанда аст.

 

Барчасп