Апрел 27, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Хисорати худуди 90 миллион долларии шуюи корона ба иқтисоди Ҷумхурии Озарбойҷон

Вазири иқтисоди Ҷумхурии Озарбойҷон хисорати корона ба иқтисоди ин кишварро рӯзона худуди 90 миллион доллар эълом кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,"Михаил Ҷабборов" рӯзи душанбе дар нишасти хабарии ситоди амалиёти вижаи ҳайати давлат барои муқобила бо вируси корона гуфт: дар сурати идомаи иҷрои қарнтина дар ин кишвар, хисорати ноши аз он барои фаъолони иқтисодӣ густардатар хоҳад буд ва ҳатто мумкин аст ба варшикастагии бисёре аз воҳидҳои тавлиди мунҷар шавад. 
 
Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон афзуд, бархе маҳдудиятҳои ба кор гирифта шуда барои муқобила бо шуюи вируси корона аз 27 апрел коҳиш хоҳад ёфт ва хатари вируси корона барои муддати тӯлони бар вазъият таъсир хоҳад гузошт. 
 
Давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар қолаби иқдомҳои пешгирона аз шуюи вируси корона, қарантинаҳои як моҳа то ҳафтаи ояндаро дар саросари кишвар эълом кардааст.

Барчасп