Апрел 28, 2020 13:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи Амрико алайҳи Чин ба далели шуйюи бемории корона

Трамп: Ба думболи анҷоми ҷаримаҳое алайҳи Чин ба далели шуйюи корона ҳастем.

Раиси ҷумҳури Амрико дар конфронси хабарӣ дар Кохи Сафед гуфт, ки ин кишвар ба думболи анҷоми ҷаримаҳое алайҳи Чин ба далели шуйюи корона аст.

Ба нақл аз Форс, вай дар конфронси хабарӣ дар Кохи Сафед афзуд, ки ба муқобила бо вируси корона идома дода ва фаолиятҳои иқтисодӣ низ ба тадреҷ аз сар гирифта мешавад.

Трамп бо ишора ба ин ки то кунун 5.4 миллион тести ибтило ба корона дар Амрико гирифта шуда гуфт, ки ин мизон чандин баробари кишварҳои дигар аст.

Раис ҷумҳур Амрико гуфт, ки итминон дорад ба андозаи кофӣ зарфияти тест дар Амрико барои аз саргирифта шудани фаолияти иқтисодӣ вуҷуд дорад ва мавзӯи тест гирифтан мушкиле дар ин замина эҷод нахоҳад кард.

Вай дар бахши дигаре аз ин конфронси хабарӣ гуфт, ки Вашингтон ба думболи  анҷоми ҷаримаҳое алайҳи Чин ба далели  шуйюи корона аст.

Трамп изофа кард: Ҳануз маблағи ниҳоие, ки аз Чин ба далели шуйюи вируси корона хоҳем гирифтро мушаххас накардаем, аммо чизеро, ки хоҳем гирифт бисёр бештар аз он чизе аст, ки Олмон дар пайи дастёбӣ ба он аст.

Давлати Чин рӯзи душанбе иттиҳомоти давлати Амрико  бар асоси ин ки Пекин иқдом ба нашри иттилооти гумроҳкунанда дар бораи вируси корона кардаро рад ва Вашингтонро ба пинҳонкорӣ дар ин хусус муттаҳам кард.

Вазорати умури хориҷаи Чин хотирнишон кард, ки ин кишвар қурбонии иттилооти нодуруст дар хусуси шуйюи бемории КОВИД-19 аст.

 

Барчасп