Мубтало шудани донишманди эронии зиндонӣ дар Амрико ба Кувиди 19
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53161-Мубтало_шудани_донишманди_эронии_зиндонӣ_дар_Амрико_ба_Кувиди_19
Донишманди эроние ,ки бо вуҷуди табраа аз иттиҳомҳои марбут ба нақзи таҳримҳо ҳамчунон дар боздошти идораи муҳоҷирати Амрико буд ба Кувиди - 19 мубтало шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 29, 2020 08:50 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани донишманди эронии зиндонӣ дар Амрико ба Кувиди 19

Донишманди эроние ,ки бо вуҷуди табраа аз иттиҳомҳои марбут ба нақзи таҳримҳо ҳамчунон дар боздошти идораи муҳоҷирати Амрико буд ба Кувиди - 19 мубтало шудааст.

Ба нақл аз ИРНА , рӯзномаи англисии Гордин навишт Сирус Аскарӣ донишманд ва устоди эроние,ки ҳафтаҳост дар расонаҳо гузоришҳое дар бораи бархурди номуносиб бо вай мунташир мешавад, дар зиндони идораи муҳоҷирати Амрико ба бемории Кувиди -19 мубтало шудааст.

Ин хабарро вакилон ва аъзои хонаводаи дукхур Аскарӣ мунташир кардаанд.

Рӯзномаи Гордин навиштааст Аскарӣ дар тамоси телефони  бо ин рӯзнома ба шиддат сурфа мекарда ва гуфтааст ,ки чандин рӯз таб доштааст.

Ин донишманди 59 солаи эронӣ ба ин рӯзнома гуфтааст ба амрикоиҳо аслан эътимод надорад ва тарҷеҳ медиҳад зудтар он макони касиф ( зиндон ) ро тарк кунад.

Дуктур Аскари ,ки собиқаи бемориҳои танафусӣ низ дорад соли гузашта дар як додгоҳи муртабит бо таҳримҳои Эрон аз  иттиҳомот табраа шуд аммо ба иллати ботил шудани раводидаш ҳануз дар боздошти идораи муҳоҷирати Амрико ба сар мебарад.