Май 04, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти маҷозии роҳбарони  кишварҳои Ҷунбиши Ғайримуттааҳид

Нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви гурӯҳи тамоси Ҷунбиши Ғайримуттааҳидҳо асри имрӯз (душанбе) оғоз шуд.

Ин нишаст бо суханони «Илҳом Алиев» Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба унвони раиси 18-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷунбиши Ғайримуттааҳидҳо оғоз шуд. 
 
 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар идомаи ин нишасти маҷозӣ, «Тиҷани Муҳаммад- банда»  раиси ҳафтоду чаҳорумин маҷмаи умумии Созмон милал суханронӣ мекунад ва сипас паёми видеои «Антонио Гуттереш»  дабири кулли Созмони милал қироат хоҳад шуд. 
 
Мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ дар ин нишаст гузориши тавҷеҳе аз вазъияти шуюъ ва контроли бемории Ковид -19 дар ҷаҳон ироа мекунад. 
 
 «Ҳасан Рӯҳонӣ» Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумла суханронони нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви гурӯҳи тамоси Ҷунбиши  Ғайримуттааҳидҳо аст. 
 
 Намояндагони 40 кишвар, аз ҷумла 19 раиси ҷумҳурӣ, як муовини раиси ҷумҳурӣ, 6 нахуст вазир, як муовини нахуствазир, 8 вазири хориҷа ва як вазири кишвар дар ин нишасти маҷозӣ ҳузур доранд.