Май 05, 2020 18:59 Asia/Dushanbe
  • Корона ҷони вазири кори Нигерро гирифт

Вазири кори Нигер дар синни 55 солагӣ бар асари олудагӣ ба вируси корона даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатоли, шабакаи телевизиони давлатии талаи соҳили Нигер бо интишори хабари фавти Муҳаммад Бин Умар вазири кор ва иштиғоли ин кишвари Африқоӣ бар асари ибтило ба вируси корона, паёми ахири ӯро дар бораи зарурати ҷиддӣ гирифтани хатари ин вируси маргбор пахш кард. 
 
 Муҳаммад Бин Умар дар ин паём хитоб ба коргарони Нигер гуфта буд: «Ковид-19 як воқеият аст ва як мавзӯи зеҳни нест, маргбор аст ва мекушад ва бо суръати нур густариш меёбад.» 
 
 Тибқи ин гузориш, ҳизби сотсиал -демократики Нигер рӯзт якшанбе аз даргузашти Муҳаммад  Бин Умар вазири кор ва узви аршади ин ҳизб хабар додааст, аммо ба иллати фавти ин сиёсатмадори  55 сола ишора накарда буд. 
 
 Омори расмӣ дар Нигер нишон медиҳад, ки то рӯзи сешанбе 755 нафар ба корона мубтало шуда, 37 тан ҷон бохтаанд ва шумори беморони дармон шуда ба 534 нафар расидааст.

Барчасп