Май 08, 2020 20:09 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи коҳиши ихтиёроти ҷангӣ ва ҳамлаи лафзии Трамп ба ҷумҳурихоҳон

Раисҷумҳури Амрико бо ҳамлаи лафзӣ ба ҷумҳурихоҳон, мувофиқ бо қатъномаи коҳиши ихтиёроти ҷангии давлат алайҳи Эрон, онҳоро муттаҳам кард, ки бозичаи демократҳо барои пирӯзӣ дар интихобот шудаанд.

Ба навиштаи пойгоҳи интернетии “Алмонитор”, Доналд Трамп ҷумъа гуфт, ин қатънома бисёр тавҳиномез ва роҳбурди демократҳо барои пирӯзӣ дар интихоботи севуми ноябр аз тариқи тафриқаафканӣ байни ҷумҳурихоҳон буд.

Раисҷумҳури Амрико афзуд, ҷумҳурихоҳон андаке, ки ба он раъй доданд, бозичаи дасти демократҳо шуданд.

Маҷлиси сенати Амрико моҳи феврал қатъномаи коҳиши ихтиёроти ҷангии давлати Трамп алайҳи Эронро тасвиб ва Нонси Плоси, раиси ин маҷлис 14 апрел онро имзо кард.

Трамп аммо бомдоди панҷшанбе ин қатъномаро вето кард.

Ба дунболи он маҷлиси сенати Амрико панҷшанбешаб ибтолт ветои Трампро ба раъй гузоштанд. 49 намояндаи маҷлиси сенат, аз ҷумла чанд сенатори ҷумҳурихоҳ хостори шикастани ветои Трамп буданд, аммо ин талош барои натиҷа додан ниёзманди ҳимояти ду севуми аъзои маҷлиси сенат, яъне 67 намоянда буд ва бад-ин тартиб шикаст хурд.

Талоши Конгресси Амрико барои муқобила бо иқдомоти ҷангии давлати Трамп алайҳи Эрон пас аз он оғоз шуд, ки бо дастури вай сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудс севуми январ дар Ироқ террор шуд ва ба дунболи он Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар як амалиёти мушакии пойгоҳи Айнуласад, маҳалли истиқрори низомиёни амрикоиро дар устони Аланбори Ироқ дарҳам кубид.

 

 

 

Барчасп