Трамп ва изҳори назари аҷиби дигар дар бораи коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53480-Трамп_ва_изҳори_назари_аҷиби_дигар_дар_бораи_коронавирус
Раиси ҷумҳури Амрико, дар идомаи изҳороти аҷибу ғайриилмиаш дар бораи коронавирус ин бор муддаӣ шуд, ки ин вирус ваксина намехоҳад ва худ ба худ аз байн хоҳад рафт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 09, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Трамп ва изҳори назари аҷиби дигар дар бораи коронавирус

Раиси ҷумҳури Амрико, дар идомаи изҳороти аҷибу ғайриилмиаш дар бораи коронавирус ин бор муддаӣ шуд, ки ин вирус ваксина намехоҳад ва худ ба худ аз байн хоҳад рафт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Вашингтон-Пост, Доналд Трамп рӯзи ҷумъа дар ҷаласае бо қонунгузорони ҷумҳурихоҳ гуфт: Коронавирус низ монанди ҳар чизи дигаре мемирад ва бидуни дастёбӣ ба ваксина пас аз муддате худ ба худ нопадид хоҳад шуд.

Антонио Фаочи- мудири Муассисаи миллии алергӣ ва бемориҳои сироятии Амрико борҳо таъкид кардааст ин беморӣ бидуни дастёбӣ ба ваксина аз байн нахоҳад рафт.

Трамп пештар низ муддаӣ шуда буд, ки бо доруҳои зиддималария метавон коронавирусро дармон кард.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар изҳори назари аҷиби дигаре, баррасии идеаи истифода аз маводди зиддиуфуникунанда барои нобуд кардани коронавирусро  хостор шуда буд, ки ин изҳори назари вай бо вокуниши тунди мутахассисон ва пизишкони амрикоӣ мувоҷеҳ шуд.

Амрико болотарин омори фавтиҳо ва мубталоён ба коронавирусро дар ҷаҳон дорад.