Интиқоди Русия аз табрики тавҳиномези Қохи Сафед ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия, паёми табрики твиттерии Кохи Сафед ба муносибати поёни Ҷанги ҷаҳонии дуввумро, ки дар он ишорае ба нақши Маскав нашудааст, тавҳиномез хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, Мария Захарова рӯзи якшанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: Бисёре тасвири твитти Кохи Сафедро дарёфт карданд, ки дар он навишта шуда буд «Рӯзи ҳаштуми моҳи майи соли 1945 Амрико ва Британия бар Олмони нозӣ пирӯз шуданд.»
Захарова афзудааст: Ҳадафи ин навишта, беасар кардани баёнияи ахири сарони Русия ва Амрико ба муносибати поёни Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аст, ки дар он ба қурбонӣ шудани миллионҳо сарбоз ва ғайринизомӣ ва нақши бисёре аз кишварҳо ва миллатҳо дар пирӯзӣ дар мубориза бо Олмони нозӣ ишора шуда буд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия тасреҳ кардааст: Дар твитти Кохи Сафед фақат руҳияи амрикоӣ мавриди таъкид қарор гирифта ва ин иқдоми Кохи Сафед, қаллобӣ дар воқеият, таҳрифи таърих ва масхара кардани дигарон аст.
Ҷанги ҷаҳонии дуввум рӯзи 9 май 1945 бо пирӯзии Артиши сурхи Иттиҳоди ҷамоҳири шуравӣ ва низ Британия ва Амрико бар Олмони нозӣ хотима ёфт.