Май 18, 2020 19:56 Asia/Dushanbe
  • Парвози ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико наздики пойгоҳи Русия дар Лозиқия

Як фарванди ҳавопаймои ҷосусии Амрико дар маъмурияте ҳудуди як соат наздики пойгоҳи ҳавоии "Ҳумаймим" дар "Лозиқия" парвоз кард.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, як фарванди ҳавопаймои таҷассусии   "Boeing Spy-8" артиши Амрико, ки аз  пойгоҳи ҳавоии Сигонелла дар ҷазираи Сицилии Италия бархоста буд, дар наздикии соҳили Сурия, ки дар он ҷо пойгоҳи низомии Русия ҷойгир аст, парвози таҷассусӣ анҷом додааст.

Ин ҳавопаймо маъмурияти худро беш аз ним соат наздики пойгоҳи ҳавоии Ҳумаймим дар Лозиқия анҷом дод.

Ин пойгоҳи ҳавоӣ дар соли 2015 ва дар баҳбуҳаи набарди артиши Россия бо террористҳои ДИИШ дар Сурия сохта шуд. Дар ин пойгоҳ анвои ҷангандаҳо ва сомонаи С-400 Русия мустақар аст.