Миёнҷигарии Русия дар масъалаи Исроил-Фаластин
Русия омодаи миёнҷигарӣ дар масъалаи Исроил-Фаластин аст.
Раиси Кумитаи умури хориҷии Шурои Федератсияи Русия имрӯз (чаҳоршанбе) гуфт: Ин кишвар омодаи миёнҷигарӣ дар даргирии миёни Исроил ва Фаластин аст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Константин Касачёв, раиси Кумитаи умури хориҷии Шурои Федератсияи Русия як рӯз пас аз он ин масъаларо матраҳ кард, ки Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин эълом кард, ки Фаластин тамомии тавофуқот бо Исроил ва Амрикоро ба далели тамоюлоти Тел-Авив барои илҳоқи сарзаминҳои фаластинӣ бекор мекунад.
Вай таассуфи худро дар бораи иқдомоти нопухтае, ки заъифкунандаи иқдомоти байналмиллалӣ дар ростои созиши даргириҳои байни Исроил ва Фаластин аст, иброз дошт ва гуфт: Русия ду тарафи даргириро шарики худ медонад ва ба манофеи онҳо эҳтиром мегузорад ва онро мефаҳмад.