Май 20, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Туркия, илҳоқи Каронаи Бохтариро

Сухангӯи раёсатҷумҳурии Туркия эълом кард аз тамоми иқдомоти гирифташуда алайҳи сиёсатҳои режими саҳюнистӣ барои илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ҳимоят мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Иброҳим Калин, сухангӯи раёсатҷумҳурии Туркия дар твитте эълом кард: Мо таҳдидҳои Исроил барои илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтариро маҳкум мекунем ва бо ин тарҳҳо мухолифем. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем мавзеъе алайҳи Исроил бигирад.

Вай афзуд: Ишғолгарӣ ва илҳоқ ҷиноят ба ҳисоб меояд. Мо аз тамоми иқдомоте, ки алайҳ сиёсатҳои Исроил гирифта мешавад ҳимоят мекунем.

Бенямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе дар маросими таҳлифи давлати ҷадидаш эълом кард, ки замони илҳоқи шаҳракҳои Каронаи Бохтарӣ фаро расидааст.

 

Барчасп