Май 21, 2020 10:08 Asia/Dushanbe
  • Дидори Халилзод бо мақомоти Афғонистон

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бо мақомоти ин кишвар дидор ва дар бораи эҳёи тавофуқномаи шикаст хурдаи Қаттар гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Зулмо Халилзод ,ки аз Қаттар ба Кобул сафар кардааст чоршанбе шаб бо раиси ҷумҳур ва раиси шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дидор ва изҳори умедвори кард битавонад Толибонро ба поёни ҳамлаҳо ва оташбас ташвиқ кунад.

Озодии зиндониёни Толибон ва нуруҳои давлатии Афғонистон ва музокироти сулҳ миёни гуруҳҳои афғон ва Толибон аз муҳимтарин мавзуоти мавриди баҳси ин дипламати афғонтабор бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

Дар ҳафтаи гузашта низ ин дипламати афғонтабори амрикоӣ барои фиреби афкори умумӣ ба пойбандии Амрико ба тавофуқномаи Қаттар ба кишварҳои Қаттар , Ҳинд ва Покистон сафар карда буд ,ки бенатиҷа ба Вашингтон бозгашт.

Пас аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ миёни Толибон ва Амрико дар Қаттар дар санаи 29 моҳи феврал , ҳамлаҳо ва даргириҳои ингуруҳ ва неруҳои давлатии Афғонистон афзоиш ёфтааст ва ба кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар аз тарафайн сабаб шудааст.