Густариши ҳамалоти "Толибон" дар Афғонистон
Май 23, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
Вазорати кишвари Афғонистон аз густариши ҳамалоти "Толибон" дар моҳи мубораки рамазон хабар дод.
Муовини Вазорати кишвари Афғонистон гуфт:
Дар моҳи мубораки рамазон 146 ғайринизомии афғон дар ҳамалоти "Толибон" ва инфиҷорҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар кушта ва 430 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Абдуссабур Қонеъ афзуд:
Дар ҳоли ҳозир, набард миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва "Толибон" дар ағлаби вилоятҳои Афғонистон ҳамчунон идома дорад.