Истиқболи Венесуэла аз вуруди нафткаши эронӣ ба обҳои ин кишвар
Май 24, 2020 21:29 Asia/Dushanbe
Намояндаи Венесуэла дар СММ расидани нахустин нафткаши эронӣ ба обҳои Венесуэларо нуқтаи атфе дар мубориза барои ҳокимият, истиқлол ва сулҳ донист.
Саммуэл Монкада, намояндаи Венесуэла дар СММ имрӯз, якшанбе дар Твиттер бо ишора ба вуруди нахустин нафткаши ҳомили сӯхти ирсолӣ аз Эрон ба обҳои сарзаминии Венесуэла, дар Твиттер навишт:
Доналд Тармп, раисҷумҳури Амрико ва навкарони ӯ ба ҳамлаи низомӣ алайҳи нафткашҳои эронӣ дар баҳбӯҳаи хурӯҷи коронавирус фикр мекунанд, аммо коршиносони ӯ чизи дигареро тавсия мекунанд.
Нахустин нафткаши ҳомили сӯхти ирсолӣ аз Эрон, ба номи Fortune, вориди обҳои сарзаминии Венесуэла шуд ва нерӯи дарёӣ ва нерӯи ҳавоии ин кишвар нафткаши эрониро эскорт карданд.
Барчасп