Май 30, 2020 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ироаи иттилооти дурӯғ ба мардум дар бораи коронавирус

Пизишкони итолиёӣ иддао мекунанд, ки иттилооти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар хусуси коронавирус дурӯғ аст ва ин созмон хаёли коҳиши ҷамъияти ҷаҳонро дар сар дорад.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳамвора тавсияҳо ва дастуруламалҳоеро дар хусуси коронавирус мунташир мекунад, ки яке аз онҳо, иҷтиноби бемористонҳо ва кадри пизишкӣ аз колбадшикофии афроде аст, ки ба далели коронавирус ҷони худро аз даст додаанд.

Бо ин ҳол, пизишкони итолиёӣ бидуни таваҷҷӯҳ ба ин дастуруламал, афродеро, ки ба далели коронавирус ҷони худро аз даст додаанд, колбадшикофӣ карданд.

Натоиҷи ин баррасӣ иттилооти ҷадиде дар хусуси ин беморӣ ба армуғон овардааст, ки ба гуфтаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳамхонӣ надорад.

Ҳоло ин пизишкон иддао доранд, ки ин созмон бо ироаи иттилооти иштибоҳ, мардуми ҷаҳонро гумроҳ карда ва ҳадафаш аз ин кор, коҳиши ҷамъияти ҷаҳон аст.

Ба гуфтаи пизишкони итолиёӣ, корона вирус нест ва дарҳақиқат бактерия аст, ки бо антибиотик дармон мешавад.

Ҳамчунин далели аслии марги беморони мубтало ба коронавирус пневмания ё илтиҳоби шуш нест, балки тромбоз ё лахтаи хун аст, ки оксигенрасонӣ ба андомҳоро мухтал ва дар ниҳоят боиси марги бемор мешавад.