Май 31, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Чин дар бораи ваксинаи корона

Ҳамзамон бо талоши ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба ваксинаи корона Чин эълом кард ин ваксинаро то поёни соли равон вориди бозор хоҳад кард.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Комиссияи мудирият ва назорати арзёбиҳои давлатии Чин рӯзи якшанбе эълом кард дар ҳоли ҳозир панҷ ваксинаи корона дар ин кишвар дар ҳоли гузарондани марҳалаҳои мухталиф аз ҷумла озмоишҳои болинӣ ҳастанд.

Ваксинаи муштараки озмоишгоҳи биологики Ухан, конуни аввалияи мушоҳидаи вируси корона, ва як муассисаи таҳқиқотӣ дар Пекин нисбат ба дигар ваксинаҳо пешрафти бештаре  дорад ва эҳтимолан то поёни соли ҷорӣ  равонаи бозор хоҳад шуд.

Ин ваксина, ки акнун дар марҳалаи дуввуми озмоиш қарор дорад то кунун рӯи ду ҳазор нафар озмоиш шуда ва зарфияти тавлиди солона 100 миллиард  дозаро дорад.

Озмоишҳои болинии ваксинаҳо рӯи инсон се марҳалаи озмоиш дар доманаи кучак рӯи афроди ҷавон ва солхурдаи солим, доманаи мутавассит бо озмоиш рӯи  довталабони бештар ва доманаи васеъ бо озмоиш рӯи даҳҳо ҳазор нафарро шомил мешавад.

 

 

 

 

 

Барчасп