Тавсияи нави СҶТ ба давлатҳо: Ниқоби тиббӣ заданро иҷборӣ кунед
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54256-Тавсияи_нави_СҶТ_ба_давлатҳо_Ниқоби_тиббӣ_заданро_иҷборӣ_кунед
Созмони умуиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳамаи давлатҳо тавсия кард истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумиро барои ҳамаи шаҳрвандонашон иҷборӣ кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 06, 2020 13:33 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи нави СҶТ ба давлатҳо: Ниқоби тиббӣ заданро иҷборӣ кунед

Созмони умуиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳамаи давлатҳо тавсия кард истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумиро барои ҳамаи шаҳрвандонашон иҷборӣ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар дастуруламали тозаи худ аз давлатҳо хост истифода аз ниқоби тиббиро дар муҳитҳои умумӣ иҷборӣ кунанд.

Ин созмон, ки пештар эълом карда буд шавоҳиди кофӣ вуҷуд надорад, ки нишон диҳад афроди солим ҳам бояд ниқоби тиббӣ бизананд, акнун эълом карда истифода аз ниқоби тиббӣ яке аз роҳҳои муассир дар пешгирӣ аз шуйюи коронавирус аст.

Маҷаллаи пизишкии Lancet низ рӯзи севуми июн натоиҷи таҳқиқеро мунташир карда буд, ки нишон медод истифода аз ниқоби тиббӣ метавонад ба таври қобили таваҷҷуҳе бар дарсади интиқоли вирус таъсир бигузорад.

Дар тавсияномаҳои пешини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, фақат беморони мубтало ба КОВИД-19 ва ҳамшираҳои шафқат  ва наздикони онҳо ба истифода аз ниқоби тиббӣ тавсия шуда буданд.

Акнун Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия кардааст давлатҳо дар манотиқе, ки дучори шуйюи густурдаи вируси корона ҳастанд, истифода аз ниқобҳои ҳифозатиро дар васоили ҳамлу нақли умумӣ, мағозаҳо ва маконҳои дигаре, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ душвор аст, иҷборӣ кунанд.