Июн 06, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Меркел дигар номзади садриаъзамӣ намешавад

Садри аъзами Олмон гумоназаниҳоро дар бораи эҳтимоли талошаш барои мондан дар ин симат баъд аз соли 2021-ро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ангела Меркели 65 сола дар мусоҳиба бо шабакаи ZDF таъкид кард, ки қотеона рӯи тасмими соли 2018-и худ барои тарки симати садриаъзамӣ дар поёни давраи чаҳоруми ҳузураш дар ин мансаб, истодааст.

Изҳороти Меркел дар вокуниш ба афзоиши овозаҳое буд, ки аз эҳтимоли таҷдиди назари ӯ дар тасмими қаблии худ барои канор рафтан аз садриаъзамӣ хабар медод.

Ҳорст Зиҳофер- вазири умури дохилаи  Олмон моҳи май гуфта буд бо раҳбарии қудратманди Ангела Меркел дар муқобила бо ҳамагирии коронавирус, гумоназаниҳо дар бораи эҳтимоли идомаи ҳузури вай дар мансаби садриаъзамии Олмон дар панҷумин даври паёпай, қувват гирифтааст.

Ангела Меркел, ки аз 2005 садри аъзами Олмон аст, авохири соли 2018 ба таври расмӣ аз раёсати Ҳизби демократи масеҳӣ канорагирӣ кард.

Меркел ҳамзамон эълом кард, ки дар поёни давраи кунунӣ дар соли 2021, дигар ба думболи интихоб шудан ба унвони садри аъзами Олмон нахоҳад буд.

 

Барчасп