Сафари пизишкони лаҳистонӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54313-Сафари_пизишкони_лаҳистонӣ_ба_Тоҷикистон
Як гурӯҳи 16-нафарӣ аз пизишкони лаҳистонӣ барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷики хеш, дар заминаи дармони афроди гирифтори коронавирус вориди шаҳри Душанбе шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 07, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари пизишкони лаҳистонӣ ба Тоҷикистон

Як гурӯҳи 16-нафарӣ аз пизишкони лаҳистонӣ барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷики хеш, дар заминаи дармони афроди гирифтори коронавирус вориди шаҳри Душанбе шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин гурӯҳ, ки бо парвози чартерӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, таи як моҳ дар Тоҷикистон бо авзои беҳдоштӣ ва дармонӣ, имконоти бемористонӣ, вазъи афроди мубтало ба коронавирус ва таҷрибаи пизишкон дар муқобила бо ин беморӣ ошно хоҳанд шуд.

Қаблан барои кӯмак ба кадри дармонии Тоҷикистон, барои муқобила бо густариши коронавирус, коршиносони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, мутахассисони чинӣ ва узбакистонӣ сафар карда буданд.

Ҳамчунин бар асоси эъломи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба наздикӣ, гурӯҳе муштарак аз Созмони ғизо ва доруи Русия ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба ин кишвар сафар мекунанд.