Июн 09, 2020 09:41 Asia/Dushanbe
  • Таътилии хобгоҳҳои донишҷӯӣ дар Маскав

Шаҳрвандони кишварҳои мухталиф, ки дар Маскав донишҷӯ ҳастанд фақат то 30 июн метавонанд аз хобгоҳ истифода кунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, сафорати Тоҷикистон дар Русия эълом кард, дар ҳоли машварат ва ройзанӣ ва ёфтани роҳи муносиб барои ҳалли мушкили донишҷӯёни тоҷик дар Русия ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт: Донишгоҳҳо ба иллати карантин хобгоҳро таътил карданд ва аз донишҷӯён хостанд, ки ба ватани худ бозгарданд.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, қасд доранд аз Вазорати омӯзиш ва парвариш ва давлати Русия дархост кунанд, ки донишҷӯёни тоҷик дар хобгоҳ бимонанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар баёнияе ҳам аз шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия ҳузур доранд хост, ки ба иттилооти нодуруст дар бораи барқарории парвозҳо ё боз кардани марзҳо таваҷҷуҳ накунанд ва  тамоми иттилоотро аз тариқи веб-сайти расмӣ пайгирӣ кунанд.