16 коргари кони ангишт дар Самангони Афғонистон ҷон бохтанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54382-16_коргари_кони_ангишт_дар_Самангони_Афғонистон_ҷон_бохтанд
Вазорати конҳои Афғонистон эълом кард, 16 коргари як кони ангишт дар вилояти Самангон бар асари таркиш дар ин кон ҷон бохтаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 10, 2020 06:39 Asia/Dushanbe
  • 16 коргари кони ангишт дар Самангони Афғонистон ҷон бохтанд

Вазорати конҳои Афғонистон эълом кард, 16 коргари як кони ангишт дар вилояти Самангон бар асари таркиш дар ин кон ҷон бохтаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулқадир Мутфӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки бар асоси иттилооти онҳо ҳудуди 16 то 18 нафари дигар дар ин кон гирифтор шудаанд ва тимҳои имдод ва наҷот ба маҳалли ҳодиса расидаанд, аммо то кунун аз сарнавишти коргарони  дармонда ин кон иттилое дар даст нест.

Муҳаммадсултони Султонӣ- фармондори шаҳристони Дарасуф ба расонаҳои маҳаллии Афғонистон гуфтааст, ки тарокуми гоз дар ин кон зиёд буда ва ворид шудани тими наҷотро дар дохили кон барои наҷоти коргарони гирифторшуда бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Шаҳристони Дарасуфи вилояти Самангон дар шимоли Афғонистон дорои конҳои бузурги ангишт аст, ки ба далели ноамнӣ, ҷанг ва хушунат дар ин кишвар ба сурати илмӣ баҳрабардорӣ нашудааст.

Шуморе аз коршиносон бар ин боваранд, ки коргарони кони Дарасуф қурбонии кори ғайриҳирфаӣ ва ғайриусулӣ шудаанд.

Ин кон рӯзи сешанбе таркид ва сухтор соатҳо дар он идома ёфт.

Аз асари шиддати сухтор  ду кони канори он  низ оташ гирифт ва дар соатҳои аввалия бархе расонаҳо аз гирифтор шудани 200 коргари ин кон хабар доданд.