Июн 11, 2020 11:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори Халилзод бо раисҷумҳури Афғонистон

Раисҷумҳури Афғонистон ва намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар дидор бо якдигар авзои ин кишварро баррасӣ карданд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон гуфт, Ашраф Ғанӣ ва Зулмай Халилзод дар дидор бо якдигар дар Кобул дар бораи раванди музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон ва оташбас гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи Сиддиқӣ, Ғанӣ дар ин дидор гуфт, ҳадафи давлати Афғонистон ин аст, ки гомҳои амалӣ дар тарҳи сулҳ дар ин кишвар бардошта шавад ва давлат барои барқарории он тааҳҳуди комил дорад.

Тибқи ин гузориш, Халилзод пеш аз сафар ба Афғонистон ба Қатар ва Покистон сафар карда ва бо аъзои гурӯҳи Толибон ва мақомоти Исломобод дидору гуфтугӯ карда буд.

Сафари Халилзод ба минтақа ва Афғонистон дар ҳолест, ки Муҳаммадилм Эзадёр, муовини аввали маҷлиси сенати Афғонистон ин сафарро бенатиҷа ва даври ботил донистааст.