Июн 11, 2020 18:21 Asia/Dushanbe
  • Такзиби ихтилоф миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ бар сари Дӯстум

Сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳар гуна гузориш дар бораи ихтилоф миёни раисҷумҳур, Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар сари эътои рутбаи маршалӣ ба генерал Абдуррашид Дӯстумро беасос хонд.

Ба нақл аз хабаргузории "Ово", Сиддиқ Сиддиқӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасте дар Кобул гуфт: Ҳеҷ гуна ихтилофе миёни раисҷумҳур ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллиӣ, бар сари эътои рутбаи маршалӣ ба раиси Ҷунбиши миллии Афғонистон вуҷуд надорад ва ин мавзӯъ, бахше аз имзои тавоқфуқномаи сиёсӣ байни ду мақоми баландпоя аст.

Шабакаи хабарии Tolo News-и Афғонистон рӯзи душанбе эълом кард, ки раиси Шӯрои олии мусолаҳаи миллӣ бо эътои рутбаи маршали ифтихорӣ аз сӯи раисҷумҳур ба генерал Абдуррашид Дӯстум мухолифат карда буд.

Бар асоси ин тавофуқномаи сиёсӣ миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Абдуррашид Дӯстум дар канори ба даст овардани рутбаи маршалӣ, ба узвияти Шӯрои амнияти миллии Афғонистон низ дармеояд.

 

Барчасп