Июн 11, 2020 19:30 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нигарониҳо аз густариши коронавирус дар Амрико

Ҳамзамон бо расидани шумори мубталоён ба коронавирус дар Амрико ба беш аз 2 миллион нафар, нигарониҳо аз вахим шудани вазъи ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз торнамои шабакаи CNN, Ашиш Ҷҳа, мудири муассисаи беҳдошти ҷаҳонӣ дар донишгоҳи Ҳарварди Амрико эълом кард, омори қурбониёни коронавирус дар ин кишвар эҳтимолан то моҳи сентябр, ҳудуди ду баробар шавад ва 100 ҳазор нафари дигар дар Амрико ба далели мубтало шудан ба ин беморӣ, ҷони худро аз даст бидиҳанд.

Мудири муассисаи беҳдошти ҷаҳонӣ дар донишгоҳи Ҳарвард афзуд: Интизор меравад, рӯзона 800 то 1000 нафар дар Амрико ба далели коронавирус ҷони худро аз даст бидиҳанд.

Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико низ пешбинӣ кардааст, ки 118 то 143 ҳазор нафар то 27 июн дар Амрико қурбонии коронавирус шаванд.

 

Барчасп