Ба тавофуқ нарасидани режими саҳюнистӣ ва Амрико дар бораи илҳоқи Коронаи Бохтарӣ
(last modified 2020-06-15T14:01:14+00:00 )
Июн 15, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Ба тавофуқ нарасидани режими саҳюнистӣ ва Амрико дар бораи илҳоқи Коронаи Бохтарӣ

Режими саҳюнистӣ ва Амрико дар бораи илҳоқи Коронаи Бохтарӣ ба тавофуқ нарасиданд.

Радиои режими саҳюнистӣ эълом кард, ки масъулони ин режим ва Амрико дар бораи илҳоқи шаҳракҳои Коронаи Бохтарӣ ба тавофуқ нарасиданд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Исна, радиои режими саҳюнистӣ эълон кард: нахустин вазири Исроил Бенямин Натанияҳу, Бани Гантс, вазири ҷанг ва Девид Фридман, сафири Амрико дар нишасти рӯзи якшанбе дар бораи мавзӯи илҳоқи шаҳракҳои Каронаи Бохтарӣ ба ҳеҷ тавофуқе нарасиданд.

Ин дар ҳоле аст, ки қарор аст ду ҳафтаи дигарпешнависи қонуни илҳоқи ин шаҳракҳо барои тасвиб ба Кнессет   (парлумони режими саҳюнистӣ) дода шавад. 

Аз сӯи дигар ҷунбиши Ҳамос аз оғози фаъолиятҳои мардумӣ, расонаӣ, дипломатик ва ҳуқуқӣ барои муқобила бо илҳоқи Коронаи Бохтарӣ хабар дод.

Салоҳ ал-Бардавил аз раҳбарони Ҳамос хоҳони ваҳдати фаластиниҳо барои  муқобили бо нақшаи илҳоқ шуд.