Афзоиши шумори оворагони ҷаҳон ба ҳудуди 80 миллион нафар
Шумори оворагони ҷаҳон ба далоиле ҳамчун ҷанг, хушунат ва пайгард, ба 79, 5 миллион нафар расидааст.
Ба гузориши торнамои Созмони Милали Муттаҳид, комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) дар тозатарин гузориши худ, ки имрӯз панҷшанбе мунашир кард, бо эъломи омори ҷадиди оворагони ҷаҳон афзуд, ки ин омор нишон медиҳад, ки аз ҳар 97 нафар ар кураи замин, як нафар маҷбур ба оворагӣ шудааст.
Ин гузориш нишон дод, ки фақат дар соли 2019, 8 миллиону 70 ҳазор нафар ба шумори оворагони ҷадид афзуда шудааст.
Афзоиши шумори оворагони ҷаҳон дар ҳоле аст, ки Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милаи Муттаҳид дар остонаи рӯзи ҷаҳонии оворагон, аз бетафовутии бархе кишварҳо дар қиболи мқҳоҷирон ва оворагон ибрози таассуф кардааст.