Вазири хориҷаи Эрон: Шӯрои амният нақшаи бераҳмонаи Исроил барои нобудии миллати Фаластинро мутаваққиф кунад
(last modified 2024-09-29T05:09:14+00:00 )
Сентябр 29, 2024 10:09 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон: Шӯрои амният нақшаи бераҳмонаи Исроил барои нобудии миллати Фаластинро мутаваққиф кунад
    Вазири хориҷаи Эрон: Шӯрои амният нақшаи бераҳмонаи Исроил барои нобудии миллати Фаластинро мутаваққиф кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти изтирории Шӯрои амнияти Созмони милал гуфт: Ин Шӯро бояд нақшаи бераҳмонаи режими Исроил барои нобудии як миллати комил (Фаластин)-ро, ки ба муддати 8 даҳа таҳти ишғолу саркӯби ваҳшиёна будаанд, мутаваққиф кунад.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои амният дар бораи вазъияти Ховари Миёна ва Фаластин гуфт: Натаняҳу ва бонди ҷинояткори ӯ бояд ба хотири ҳавлноктарин ҷиноёт дастгир ва муҳокима мешуданд, на инки ба ӯ иҷоза дода шавад дар Созмони милал зоҳир шавад ва ба эъмоли шарӯронаи худ ифтихор кунад.

Ба гузориши Порс тудей, Ироқчӣ тасреҳ кард: Эътибори Шӯрои амният ҳар лаҳза дар ҳоли коҳиш аст, зеро тавассути ҳомиёни аслии режими Исроил аз анҷоми вазифаи худ таҳти маншур боздошта шудааст.

Ироқчӣ бо ишора ба инки ҷангталабии режими Исроил ба ҳимояти низомӣ ва пуштибонии сиёсии Иёлоти муттаҳида муттакӣ аст, афзуд: Силоҳҳои амрикоӣ бахши умдае аз таслеҳоту муҳимоти мавриди истифодаи режими Исроил дар Ғаззаро ташкил медиҳанд ва бинобар ин Иёлоти муттаҳида дар ҳар ҷанбае аз ҷиноёти Исроил дахил аст.

Вай гуфт: Ҷаҳон бо хашму инзиҷор назорагар буда дар ҳоле, ки Иёлоти муттаҳида, Британия, Канада, Олмон ва бархе дигар танҳо дар ҳоли дилҷӯб аз ҷинояткорон будаанд. Ба ҳар ҳол, оё воқеан интизор доред, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба садоқати иддаоҳои ҳуқуқи башарии шумо имон дошта бошад?

Режими Исроил аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаеро дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарии руди Урдун зидди мардуми бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохтааст, ки дар пайи ин ҷиноёт токунӯн ҳудӯди 41 ҳазору 500 фаластинӣ шаҳид ва ҳудӯди 96 ҳазор нафар ҳам захмӣ шудаанд.

 

Барчасп