Хурӯҷи сарони кишварҳои ҷаҳон аз толори Маҷмаъи умумии Созмони Милал ҳамзамон бо вуруди Натанёҳу
(last modified 2024-09-28T07:30:35+00:00 )
Сентябр 28, 2024 12:30 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи сарони кишварҳои ҷаҳон аз толори Маҷмаъи умумии Созмони Милал ҳамзамон бо вуруди Натанёҳу

Ҳамзамон бо оғози суханронии Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал, сарон ва аъзои ҳайатҳои шуморе аз кишварҳои ҷаҳон саҳни нишастро тарк карданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, ҳамзамон бо оғози суханронии Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал сарон ва аъзои ҳайатҳои шуморе аз кишварҳои ҷаҳон бо сар додани шиор алайҳи вай ва режими саҳюнистӣ, саҳни аланиро тарк карданд.

 Ин иқдоми сарони кишварҳои ҷаҳон бо ташвиқи хабарнигорон ва намояндагони расонаҳо рубару шуд.

 Натанёҳу бо асабоният хитоб ба мақомоти кишварҳои узви Созмони Милал, ки ҳамзамон бо оғози суханони ӯ дар ҳоли тарки салон буданд, гуфт: Ба шумо ниёзе надорем. Исроил бо шиддат ва бидуни ҳеҷ гуна ниёзе ба кумаки шумо, меҷангад.

Ҳамзамон бо ибрози нигаронии раҳбарони ҷаҳон дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал аз афзоиши даргириҳо дар ғарби Осиё, тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ дар саросарӣ ҷаҳон ҳамчунон идома дорад.

 Наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба яксолагӣ расидааст. Режими саҳюнистӣ натанҳо ҳамчунон аз оташбас дар Ғазза худдорӣ мекунад, балки ҷабҳаи ҷадиди ҷанг дар шимоли сарзаминҳои ишғолиро алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон эҷод кардааст.

 Ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба як фоҷеаи инсонии бузург мунҷар шудааст. Акнун ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ҷинояти саҳюнистҳо алайҳи Лубнон низ ба фоҷеаи инсонии дигаре назири Ғазза мунҷар шавад. Илова бар ин, тадовум ва шиддат гирифтани ҷанг алайҳи Лубнон метавонад минтақаи ғарби Осиёро ба самти як ҷанги бузург тела дода ва минтақа ва ҷаҳонро таҳдид кунад.

 

Барчасп