Июн 21, 2020 13:28 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани шаш тан аз коркунони корзори интихоботии Трамп ба корона

Корзори интихоботии раиси ҷумҳури Амрико таъид кард, ки тести коронаи шаш тан аз коркунони ин корзор дар гирдиҳамоии шаҳри Талсаи иёлати Оклахома мусбат эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии CNN, корзори интихоботии Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар баёнияе эълом кард: Тибқи протоколҳои беҳдоштӣ ва эминӣ, аз коркунони корзор пеш аз баргузории маросими интихоботӣ дар Талсаи Оклахома тести корона гирифта шуд, ки аз миёни садҳо озмоиши анҷомшуда, натиҷаи озмоиши шаш тан аз аъзои ин корзор мусбат эълом шуд.

Трамп рӯзи шанбе аввалин кампайни интихоботии 2020-ро баъд аз оғози эътирозоти зиддинажодпарастӣ дар Амрико, дар шаҳри Талса дар иёлати Оклахома баргузор кард.

Ин дар ҳоле аст, ки иёлати Оклахома ба тозагӣ болотарин нархи афзоиши мубталоён дар як рӯзро эълом кард.

Мақомҳои беҳдоштии Амрико бо баргузории чунин таҷаммӯъҳо ба шиддат эъломи мухолифат карда ва ҳушдор додаанд бо таваҷҷуҳ ба густариши вируси корона ва эҳтимоли оғози мавҷи  дувуми он, баргузории ин гуна маросим ба хатар андохтани ҷони мардум аст.

Тибқи охирин оморҳо шумори афроди олуда ба вируси корона дар Амрико ба ду миллиону 303 ҳазору 396 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 121 ҳазору 502 нафар ҷони худро аз даст додаанд.