Кӯшишҳои ИМА барои сарнагун кардани ҳукумати Афғонистон
Шуморае аз намояндагони маҷлиси Афғонистон аз талоши Амрико барои сарнагун кардани давлати Ашраф Ғанӣ хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ово, Нилуфар Иброҳимӣ, намояндаи Бадахшон дар маҷлиси Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, ки амрикоиҳо талош доранд ҳукумати Афғонистонро сарнагун кунанд ва барои ташкили ҳукумати муваққатӣ талош мекунанд.
Вай гуфт: "Маҷлиси Афғонистон иҷозаи барандозии низоми кунуниро ба ҳеҷ кишваре нахоҳад дод ва дар муқобили замзамаҳои амрикоиҳо барои эҷоди давлати муваққат хоҳанд истод.
Зиёуддин Зиё намояндаи Самангон ҳам дар ин нишаст гуфт: бархе мунофиқин талош мекунанд, то низоми Афғонистонро ба баҳонаи оғози раванди сулҳ ноком кунанд ва давлати муваққатиро руи кор биёваранд.
Вай афзуд: "Ҳукумати феълӣ самараи хуни ҳазорон нафар аз мардуми Афғонистон аст ва мардум ба ҳеҷ ниҳоде иҷозаи фурупошии кишварро нахоҳанд дод.
Ҳалимаи Садаф Каримӣ намояндаи Ҷузҷон низ сулҳро баҳонае хонд, ки низоми Афғонистонро бо хатар мувоҷеҳ кардааст.
Амрикоиҳо то кунун борҳо идеяи ташкили "давлати муваққат"-ро дар Афғонистон матраҳ кардаанд, ки ҳар бор вокуниши манфии Кобулро ба дунбол доштаанд.