Чомский: Трамп бадтарин ҷинояткори таърих аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54818-Чомский_Трамп_бадтарин_ҷинояткори_таърих_аст
Чомский бо интиқоди ҷадиде аз Трамп, вайро “ба тарзи ғайриқобили инкор бадтарин ҷинояткор дар таърих” тавсиф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 24, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Чомский: Трамп бадтарин ҷинояткори таърих аст

Чомский бо интиқоди ҷадиде аз Трамп, вайро “ба тарзи ғайриқобили инкор бадтарин ҷинояткор дар таърих” тавсиф кард.

Ба гузориши ИСНА, Ноам Чомский, назарияпардози амрикоӣ дар ҷадидтарин изҳори назараш дар бораи Доналд Трамп гуфт: “Раисҷумҳури Амрико як “диктатори бадарднахур” аст ва ҷумҳурихоҳон аз ҳизби қадимии коммунист ҳам бадтар будаанд. Шояд сахт бошад, аммо ҳақиқат дорад. Ба тарзи ғайриқобили инкор Трамп бадтарин ҷинояткор дар таърих аст. Ҳеҷ гоҳ дар таърихи сиёсӣ чеҳрае дида нашудааст, ки бо иштиёқ ба дунболи нобудии проектҳое барои зиндагии созмонёфтаи башар дар замин, дар ояндаи наздик бошад”.

Ба навиштаи “Индепендент” дар раъси таърихи ҷиноӣ, Трамп болотар аз чеҳраҳои бадноме чун Берни Мадоф, бузургтарин кулоҳбардори молии ҷаҳон, Ли Ҳарвей Освалд, омили террори Ҷон оф Кеннеди, Бони ва Клойд, сориқони бонк ва Ҷек Рипер, қотили сериёлӣ қарор мегирад.

Ин изҳори назар пас аз он матраҳ шуд, ки Чомский дар мусоҳибаи моҳи майи худ бо “Гордиан” гуфта буд, ки Трамп муқассири марги ҳазорон нафар ба далели қатъи буҷаи беҳдошт ва дармон ва андохтани масъулиятҳои худаш ба гардани фармондорони иёлатӣ дар даврони пандемияи коронавирус аст.

Ноам Чомский дар ҷадидтарин мусоҳибаи худ ҳамчунин гуфта, ки ҷаҳон бо як ҳазинаи ваҳшатнок аз ин пандемия (корона) сар берун меоварад, аммо аз ҷинояти Трамп дар бораи тағйироти ҷавви хайр. “Ин ҳазина ба воситаи як гангстер дар Кохи Сафед тақвият шуда, ки даҳҳо ҳазор амрикоиро кушта ва Амрикоро ба бадтарин макони рӯйи замин аз бобати коронавирус табдил кардааст. Ҷумҳурихоҳон ҳам дар қиболи иқдомоти Трамп монанди ихроҷи додситоне, ки дар бораи фасод таҳқиқ мекард, сокит ҳастанд ва ин корҳо ҳатто аз сӯи ҳизби қадимии коммунист ҳам сурат намегирифт. Трамп як дастур медиҳад, мо рӯйи зонуҳоямон меафтем”.