Июн 27, 2020 16:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди тарёк дар Афғонистон дар сояи ҳузури Амрико

Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурмҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар гузориши солонаи худ эълом кард, дар соли 2019, 6400 тонна тарёк дар Афғонистон тавлид шудааст.

Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурмҳои Созмони Миллал дар гузориши  солонаи худ дар мавриди кишти хашхош   дар Афғонистон афзуд, дар соли 2019, 253 ҳазор гектар дар ин кишвар зери кишти гиёҳи хашхош (тарёк) будааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилаи Афғонистон ҳам эълом кард, аз соли 2009  то соли 2019  30902 нафар гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар дастгир шудаанд, ки дар байни онҳо аъзои гурӯҳи Толибон низ ҳастанд.

Муқобила бо маводи мухаддир аз ҷумла шиорҳои Амрико дар бадви ишғоли Афғонистон дар канори мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ин кишвар дар соли 2001 буд.

Бо гузашти ҳудуди бист сол аз ишғоли Афғонистон тавассути Амрико ва НАТО, аммо ҳеҷ як аз шиорҳо ва ваъдаҳои ин кишвар аз ҷумла дар мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм амалисозӣ нашудааст ва Кохи Сафед ва муттаҳидонаш дар ин арсаҳо ноком будаанд.

Гузоришҳои мунташиршуда дар бораи мавзӯи маводи мухаддир дар Афғонистон нишон медиҳад Амрико на танҳо дар арсаи мубориза бо маводи мухаддир дар он кишвар барномае надоштааст, балки гурӯҳҳои созмонёфтае таҳти ҳимояти неруҳои хориҷӣ дар амри интиқол ва транзити анвои намуди маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо дар солҳои ахир фаолиятҳои густурдае низ доштаанд.

Оморҳои мунташиршуда ҳамчунин нишон медиҳанд, ки кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон пас аз ишғоли ин кишвар тавассути Амрико ва НАТО аз соли 2001 то кунун камаш чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.

Дар хусуси иллатҳои бемайлии Амрико дар мубориза бо кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон, метавон гуфт муҳимтарин далели он даромади қобили таваҷҷуҳи он кишвар аз қочоқи маводи мухаддир аст.

Пойгоҳи интернетии «Гулбол рисерч»-и Канада дар соли 2017 дар гузорише даромади солонаи Амрико аз қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистонро болиғ бар панҷоҳ миллиард доллар эълом кард.

Нақши Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар идома додани раванди афзоиши кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон, ки аз тариқи транзити он ба дигар кишварҳо бахши асосие аз ҳазинаҳои низомии худ дар ин кишварро таъмин мекунанд, дар чорчуби роҳбурди манфиатталбонае аст, ки Кохи Сафед дар арсаи минтақаӣ онро думбол мекунад.

Дар ҳамин иртибот, Саидваҳид Зуҳурии Ҳусайнӣ- коршиноси сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд: Амрико ва НАТО аз ҷуғрофиёи Афғонистон барои рафъи ниёзҳои худ истифода мекунанд то тавлиди маводи мухаддир ба сурати мустақим бидуни кучактарин мамониате анҷом шавад, онон ҳамчунин ин маводро ба бисёре аз кишварҳо интиқол медиҳанд.

Бо таваҷҷуҳ ба пуч будани ваъдаҳои Амрико барои тағйири шароит дар Афғонистон дар бахшҳое мухталиф, зарурат дорад давлати ин кишвар ҳамонанди таҷрибаи таъмини амният бар асоси зарфиятҳои дохилӣ ва бидуни иттико ба кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи мубориза бо маводи мухаддир низ рӯйкарди мушобеҳеро дар пеш гирад.

Ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки давлати Афғонистон барои коҳиши кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар бояд аз тариқи тағйири нигариш дар байни кишоварзон, ононро ба сӯи киштҳои ҷойгузин савқ диҳад.

Эҷоди итминони хотир барои кишоварзони Афғонистон дар хусуси таъмини даромадҳои пойдор пас аз тағйири кишти хашхош ба кишти дигар маҳсулот, гоми нахуст барои тағйири нигаришҳои қаблӣ дар бораи наҳваи таъмини маишати онҳо аст.

 

Барчасп