Эрон: Ҳимояти Ғарб аз Саддом дар ҳамлаи химиёвӣ ба Сардаштро фаромуш намекунем
(last modified 2020-06-28T04:42:03+00:00 )
Июн 28, 2020 09:42 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Ҳимояти Ғарб аз Саддом дар ҳамлаи химиёвӣ ба Сардаштро фаромуш намекунем

Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Мардуми Эрон ҳаргиз ҳимояти Амрико ва Аврупо аз режими диктатори Ироқро дар фоҷиаи бомбборон химиёвии Сардашт фаромуш накарда ва нахоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, режими Ироқ дар 28 июни 1987 шаҳри марзии Сардашти Эронро бомбборони химиёвӣ кард, ки дар ин ҳамла, 110 нафар аз сокинони ғайринизомӣ шаҳид ва беш аз ҳашт ҳазор нафар дучори масдумияти химиёвӣ шуданд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер ҳамчунин таъкид кард миллати Эрон ҳаргиз сукути Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро пас аз ҷинояти ҳавлноки Сардашт аз ёд набурдааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон низ рӯзи шанбе дар Конгираи миллии «нафсҳои сӯхта» дар накудошти шаҳидон ва ҷонбозони бомбборони химиёвии Сардашт дар Теҳрон, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд гуфт: Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳеҷгоҳ ваҳшигарии режими Саддомро маҳкум накард.

Зариф гуфт: Теҳрон борҳо истифодаи режими Саддом аз силоҳи химиёвӣ дар ҳамла ба Эронро ба ҷомеаи байналмиллалӣ, Созмони Миллали Муттаҳид ва Шурои амният эълом кард, аммо мутаассифона қудратмандон, ки ҳамаи манофеи худро дар ҳимоят аз режими мутаҷовиз медиданд, сукут карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Ҳатто баъд аз ин ки дабири кулли вақти Созмони Миллали Муттаҳид, таҷовузи режими Саддом ба Эронро ба шакли расмӣ дар як санад ба ҷаҳониён эълом кард низ Шурои амният ҳозир нашуд таҷовузи Ироқро маҳкум кунад.

Зариф ҳамчунин бо таъкид бар ин ки давлати Амрико усули ҳуқуқи инсонро риоят намекунад, гуфт: Амрикоиҳо дар таъмини доруҳои мавриди ниёзи қурбониёни ҳамлаҳои химиёвӣ ва беморони мухталиф дар Эрон низ аз тариқи таҳримҳои ғайриинсонӣ, монеъ мешавад.