Мақоми аршади ҳуқуқи башарии Созмони Милал: Илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ғайриқонунӣ аст
(last modified Mon, 29 Jun 2020 13:19:29 GMT )
Июн 29, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Мақоми аршади ҳуқуқи башарии Созмони Милал: Илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ғайриқонунӣ аст

Мақоми аршади ҳуқуқи башарии Созмони Милал имрӯз (душанбе) аз режими саҳюнистӣ хост даст аз барномаҳои "ғайриқонунӣ"-и худ барои илҳоқи минтақаи аз Каронаи Бохтарӣ ба арозии ишғолӣ бардорад.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, ба нақл аз Исна, нақшаи нахуствазири Исроил Биямин Натанияҳу барои илҳоқи шаҳракҳои яҳудии Каронаи Бохтарӣ боиси матраҳ шудани маҳкумиятҳои густарда, аз ҷумла аз ҷониби фаластиниҳо, Амрико ва ҳампаймонони араби ин режим ва дигар давлатҳои хориҷӣ шудааст. Қарор аст кабинаи ӯ аз рӯзи чоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ мусодиф бо аввали июл ройзаниҳои расмии марбут ба нақшаи илҳоқро шурӯъ кунад.

 Комиссари ҳуқуқи башари СММ Митчелл Бачелет дар як изҳорот гуфт: "Ҳамроҳшавӣ ғайриқонунист ва ман хеле нигарон ҳастам, ки ҳатто шакли хурдтарини дохилшавӣ метавонад боиси афзоиши хушунат ва талафоти ҷонӣ ҳангоми баланд бардоштани деворҳо, ҷойгиршавии нерӯҳои амниятӣ ва наздикии ду халқ шавад." .