Июн 29, 2020 22:24 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии як мусулмон барои нахустин бор дар интихоботи муқаддамотии Верҷиния

Бори аввал аст, ки як мусулмон дар интихоботи муқаддамотӣ дар Вирҷиния пирӯз шуд.

Қосим Рашид, нависандаи покистонӣ ва номзади мусалмонон аз ҳизби демократ, бори аввал дар Конгресси Вирҷиния пирӯз шуд. Тибқи гузориши радиои бурунмарзии Садои  Хуросон, Қосим Рашид, номзади мусалмонони Ҳизби Демократӣ, дар интихоботи пешакӣ дар Иёлоти Вирҷинияи ИМА пирӯз шудааст.

 Нависандаи покистонӣ, фаъоли ҳуқуқи башар ва ҳуқуқдон, аввалин мусулмоне аст, ки дар Иёлоти Вирҷинияии Амрико дар давраи муқаддамотии интихобот пирӯз мешавад . Ин номзади интихоботӣ пас аз пирӯзӣ дар рақобатҳо перомуни пешдовариҳое, ки дар гузашта бо онҳо рӯбарӯ бӯдааст сӯҳбат кард .
 Рашид дарбора бархӯрдҳои исломҳаросӣ дар Амрико гуфт: 10 соли пеш як ширкати бузурги ваколатӣ пешниҳоди шуғлеро ки ба ман дода буд ба хотири зоҳирам пас гирифт ва гуфтанд, ки ман « беш аз ҳад мусулмон ҳастам" ва ин боис мешавад муваккилини ширкат нороҳат шаванд .
 Рашид гуфт: он ширкат барҳам чида шудааст ва ман аввалин мусулмони амрикоӣ дар торихи Вирҷиния будам ки дар интихоботи муқаддамотии конгресс пирӯз мешудам. Муборизаи ман барои адолат мутаваққиф нахоҳад шуд .
Гуфтанӣ аст, ки гарчи вай дар интихоботи муқаддамотӣ пирӯз шудааст, баранда шудани курсии Конгресс дар моҳи ноябр мумкин аст барои ин сиёсатмадори мусулмон чолиш барангезтар бошад. Ҳам акнун намояндаи Конгресси Вирҷиния Роберт Витман аст, ки аз соли 2007 то кунун дар ин мақоми боқӣ мондааст.