Радди гузориши Нию-Йорк Таймз аз сӯи Пентагон ва мушовири амнияти миллии Амрико
(last modified 2020-06-30T09:09:05+00:00 )
Июн 30, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Радди гузориши Нию-Йорк Таймз аз сӯи Пентагон ва мушовири амнияти миллии Амрико

Пентагон ва мушовири амнияти миллии Амрико гузориши Нию-Йорк Таймзро рад карданд.

Вазорати дифои Амрико ва мушовири амнияти миллии Кохи Сафед бо радди гузориши иддаоии як рӯзномаи амрикоӣ бар асоси мушаввиқи молии Маскав барои Толибон ҷиҳати ҳадаф гирифтани низомиёни амрикоӣ, гуфтанд, ки ҳеҷ мадраке дар ин бора надоранд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар идомаи вокунишҳои мухталиф ба гузориши иддаоии рӯзномаи Нию-Йорк Таймз  дар бораи таъйини туҳфа аз сӯи Маскав барои ниманизомиёни афғон ҷиҳати ҳамла ба низомиёни амрикоӣ, ин бор Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида ва мушовири амнияти миллии Кохи Сафед низ онро рад карданд.

Пентагон бо судури баёнияе гуфт: Вазорати дифоъ ба арзёбии иттилоотии ин ки авомили русӣ дар фаъолиятҳои шарурона алайҳи неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва эътилоф дар Афғонистон дахил буданд, идома медиҳад.

Ин вазоратхона бо баёни ин ки ба гирифтани тадбирҳои эминӣ ва амниятӣ барои низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон идома медиҳад, афзуд: То имрӯз, [мо] ҳеҷ мадраке барои таъйиди иддаоҳои ахир дар гузоришҳое бо манбаи боз надорем.

Роберт Обраян- мушовири амнияти миллии Кохи Сафед низ зимни ишора ба арзёбии гузоришҳои иттилоотӣ дар ин бора, тавзеҳ дод: Ба далели ин ки иддаоҳо дар гузоришҳои расонаии ахир аз сӯи ҷомеаи иттилоотӣ [Амрико] таъйид ва исбот нашуд, гузорише ҳам ба раиси ҷумҳур [Доналд] Трамп дар ин бора ироа нашуд.

Обраян сипас ба касоне, ки аз дохили давлати Амрико чунин иттилоотеро ба расонаҳо ифшо мекунанд, ҳушдор дод: Ба мақомоти давлатӣ, ки бо фош кардани иттилооти маҳрамона ба эътимоди мардуми Амрико хиёнат мекунанд [мегӯям], иқдомоти шумо амнияти миллиро ба хатар меандозад. Ангеза ҳарчи бошад боз ҳам барои чунин иқдоме тавҷеҳкунанда нест.