Сафорати Эрон дар Фаронса хитоб ба эътилофи саудӣ: Ҳайсият ва обрӯ хариданӣ нест
(last modified 2020-07-03T13:05:49+00:00 )
Июл 03, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Фаронса хитоб ба эътилофи саудӣ: Ҳайсият ва обрӯ хариданӣ нест

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Фаронса бо интиқод аз ҷиноёти эътилофи саудӣ дар Яман таъкид кард: ҳайсият, ваҷҳа ва обрӯ дар ҷаҳони имрӯз дигар хариданӣ нест.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Фаронса рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи Твиттераш бо интишори тасовире аз вазъияти мардуми Яман ва хисороту талафоти ношӣ аз ҳамалоти эътилофи саудӣ ёдовар шуд: “Давроне, ки амният сирфан бо қудрати низомӣ тазмин ва таъриф мешуд, дигар ба сар омадааст”.

Сафорати Эрон дар ин паёмаш бо ҳаштаги “Яман наметавонад нафас бикашад”, хитоб ба эътилофи саудӣ хотирнишон кард: “Дигар бо долларҳои нафтӣ наметавон барои худ таърих, фарҳанг, адабиёт ва тамаддун харидорӣ кард”.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Яман, аз замони ҳамлаи эътилофи саудӣ ба Яман дар марти 2015 то кунун, беш аз 100 ҳазор яманӣ ба сурати мустақим ва ғайримустақим дар асари ин ҷанг кушта шудаанд.

Ҳамчунин дар 5 соли гузашта то кунун 7 ҳазору 732 кӯдаки яманӣ дар ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи саудӣ кушта ё захмӣ шудаанд ва ду миллиону 500 ҳазор кӯдак дучори норасоии ғизоӣ шудаанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо зимни маҳкум кардани ҷинояти эътилофи саудӣ, аз авоили ҳамлаи ин эътилоф ба Яман, тарҳи оташбас, рафъи муҳосира, ироаи кумакҳои инсондӯстона, аз саргирии гуфтугӯҳои яманӣ - яманӣ ва ташкили ҳукумати фарогирро матраҳ кардааст.